Антирекорди пандемия дар ИМА: Беш аз 100 ҳазор нафар бемори нав дар як шабонарӯз


Рӯзи 30 октябр дар ИМА 100 233 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора Reuters ба нақл аз вазорати ҳифзи тандурустии ИМА хабар дод.
То ҳол ягон бор дар ИМА дар як шабонарӯз беш аз 100 ҳазор ҳолати бемории нав мушоҳида нашуда буд.
Ҳамчунин, ин шумор антирекорди ҷаҳониро низ шикаст. Антирекорди қаблӣ моҳи сентябр дар Ҳиндустон сабт шуда буд – 97 894 ҳазор ҳолат дар як шабонарӯз.
Бино ба маълумоти пажӯҳишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, шумори умумии мубталоён дар ИМА беш аз 9 миллион нафар аст. Дар ин муддат беш аз 3,5 миллион нафар аз бемор шифо ёфтанд ва тақрибан 230 ҳазор нафар қурбони вирус шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ