Дар Ӯзбекистон назорати онлайни баллонҳои гази фишурдашуда ҷорӣ мегардад


Аз 15 октябри соли ҷорӣ ширкати давлатии “Ҳудудгазтаъминот” дар саросари Ӯзбекистон насби стикерҳо ба баллонҳои гази фишурдашударо оғоз кард. Дар ин бора вазорати энергетика хабар дод.
Гуфта мешавад, ки роҳандозии назорати онлайнли баллонҳои газ ба ин тартиб амалӣ мешавад:
Марҳилаи 1 — насби стикер бо штрих-код дар баллонҳои газ;
Марҳилаи 2 — таъмини истеъмолкунандагон бо ID картаҳо;
Марҳилаи 3 — пайвасти ID картаҳо ба системаи онлайни «E-gaz».
Дар ID картаҳо ҳама маълумоти зарурӣ намоён мегардад ва пеши роҳи беасос зиёд кардани нархи газ гирифта мешавад.
Ҳамчунин, агар фосилаи тақсимоти баллони газ 45 рӯз бошад, дар ин муддат фақат як бор барои газ пул гирифта мешавад ва дар ин 45 рӯз фақат як бор гирифтани баллони газ мумкин мегардад.
Дар системаи автоматики пардохти пули баллони газ онлайн аст ва дигар ронандаву кормандони таъминкунанда пули баллони газро намегиранд. Ин барои боло бурдани сатҳи хидматрасонии соҳа ва пешгирии коррупсия имкон медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ