Дар Кореяи Ҷанубӣ Маркази ӯзбекистониён фаъолияти худро оғоз кард


Рӯзи 31 октябр дар шаҳри Квангҷуи Кореяи Ҷанубӣ маросими ифтитоҳи Маркази ӯзбекистониён барпо шуд. Дар ин бора Кун.уз хабар дод.
Дар маросим кормандони намояндагии агентии муҳоҷират ва сафорати Ӯзбекистон, муҳоҷирони ӯзбекистонӣ ва вакилони созмонҳои давлативу нодавлатӣ иштирок карданд.
Мақсади асосии марказ ҳимояи манфиати ӯзбекистониён дар Кореяи Ҷанубӣ, хидматрасонӣ ва ёрӣ додан ба онҳо ҳангоми вазъиятҳои фавқулодда аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ