Оромгоҳи Мӯъмин Қаноат навсозӣ ва нимпайкарааш гузошта шуд

Оромгоҳи Мӯъмин Қаноат дар мазористони Лучоби шаҳри Душанбе пурра навсозӣ шуда, нимпайкарааш низ гузошта шуд
Яке аз мубтакирони ин кори хайр, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, ҳадаф аз ободсозии оромгоҳи шоири маъруф адои эҳтиром ва сипосгузорӣ аз хизматҳои ӯ пеши халқу ватан ва адабиёти тоҷик аст.
Мӯъмин Қаноат, яке аз чеҳраҳои мондагори адабиёти тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, 20 май соли 1932 дар ноҳияи Дарвози Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, 18 майи соли 2018 дар синни 86 – солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.
Муъмин Қаноат муаллифи чандин достону маҷмӯаи ашъор буда, яке аз шоирони тоҷик аст, ки аксари кулли осораш ба чандин забони хориҷӣ тарҷума шудаанд.
Ӯ соли 1977 барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Модарнома» мӯътабартарин ҷоизаро дарёфт карда, ба қавли адабиётшиносон, достонҳои “Тоҷикистон – исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” ӯро ба ҷумлаи маъруфтарин шоирони порсигӯйи садаи 20 шомил кардаанд.

Ф. Шукров

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ