Соли 2021 музди кормандони будҷаӣ ва нафақаҳо зиёд мегарданд


Бар асоси лоиҳаи қонуни “Дар бораи будҷаи давлатии ҷумҳурии Ӯзбекистон”, соли 2021 барои пардохти музди кормандони будҷаӣ, стипендия ва нафақаҳо 8,4 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.
Бино ба қоидаи нав, музди кормандони будҷаӣ, стипендия ва нафақаҳо дар ҳар 6 моҳ зиёд мешавад. Ҳаҷми зиёдшудаи музду нафақаву стипендияҳо набояд аз дараҷаи таваррум (инфлятсия) дар муддати гузашта камтар бошад.
Дар лоиҳаи қонун дар бораи будҷаи давлатӣ инфлятсия дар соли оянда 9-10 дараҷа ва дар соли 2020 тақрибан 10-11 дараҷа пешбинӣ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ