Мезони ифлятсияи солона дар Ӯзбекистон 11,5 дарсад аст


Дар моҳи октябр мезони таваррум (инфлятсия) дар бахши истеъмолкунандагони Ӯзбекистон 1,4 дарсад буд. Дар ин бора кумитаи давлатии омор хабар дод.
Мезони таваррум аз оғози сол то ба ҳол ба 7,8 дарсад афзоиш ёфт. Дараҷаи солонаи он ба 11,5 дарсад расид.
Дар моҳи октябр нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 2,3 дарсад, маҳсулоти ғайриғизоӣ 0,8 дарсад, нархи хидматрасониҳои пулакӣ 0,7 дарсад зиёд шуд.
Дар 10 моҳи сол нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 10,0 дарсад, маҳсулоти ғайриғизоӣ 6,9 дарсад, хидматрасониҳои пулакӣ 5,2 дарсад афзоиш ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ