Ба ассотсиатсияи саноати хӯроквории Ӯзбекистон роҳбари нав таъин гардид

Ассотсиатсияи саноати хӯроквории Ӯзбекистон аз ҷониби Вазорати адлия 29-уми октябри соли 2020 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти ассотсиатсия хабар додааст.
Вазифаҳои асосии ташкилоти нав аз инҳо иборатанд:
• Кумак ба истеҳсолкунандагон дар таъмини амнияти озуқаворӣ;
• Мусоидат дар татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи молҳои истеъмолӣ;
• Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои тадбиркорон дар доираи қонун;
• расонидани кӯмаки амалӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ барои ворид шудан ба бозорҳои байналмилалӣ.

Умиршайхов Баҳодир Бахтиёрович раиси Ассотсиатсияи саноати хӯроквории Ӯзбекистон таъин карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ