Филми кӯтоҳе дар бораи Захириддин Муҳаммади Бобур ба навор гирифта мешавад

Тибқи фармони Агентии Миллии «Ӯзбеккино», киностудияи «Инсон» ба наворгирии филми кӯтоҳи «Йӯлбарснинг туғилиши» («Таваллуди паланг») шурӯъ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии миллии Ӯзбеккино, сенарияи филм аз ҳикояи нависандаи маъруф Хайриддин Султонов таҳия шудааст. Ин филм дар бораи таваллуди Заҳириддин ва сабабҳои илоҳии ба ӯ гузоштани номи «Бобур» аст. Ҳодисаҳои таърихии марбут ба орзӯи Умаршайхи Мирзо дар бораи писар ва таваллуди Бобур Мирзо дар филм бо ёрии бофтаҳои бадеӣ ифшо карда мешаванд.

Дар филми таърихӣ-бадеии «Таваллуди паланг» нақшҳоро Элбек Файзиев, Боир Холмирзаев, Тамара Ҳазратқулова, Марҷона Ӯлҷаева, Маъруф Отаҷонов, Мадина Одилова, Далер Тимуров, Абдураҳмон Очилов иҷро мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ