Минбари халқ

Саёҳати шаҳрҳои Урганҷу Хива

Солҳои охир дар мамлакатамон ба ривоҷи туризми хориҷиву маҳаллӣ эътибори ҷудогона медиҳанд.
Аз моҳи марти соли ҷорӣ дар мамлака¬тамон барномаи «Саёҳат ба саросари Ӯзбе¬кистон» амал менамояд.
Дар асоси ин барнома Федератсияи ит¬тифоқҳои касабаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои кормандони корхонаву ташкилот ба ҷойҳои таърихии ҷумҳуриятамон саёҳати бепул ташкил мекунад.
Ҳафтаи гузашта гурӯҳи 40-нафараи вакилони вилоятамон (гурӯҳи чорум дар соли ҷорӣ) дар шаҳрҳои Урганҷ ва Хиваи вилояти Хоразм ба саёҳат рафтанд.
Дар поезди «Тошканд – Урганҷ» маълум шуд, ки дар вагонҳои он инчунин, гурӯҳи сайёҳон аз вилоятҳои Тошканд ва Ҷиззах ҷой гирифта, ба маркази хоразмиҳо ме¬рафтаанд.
Поезди зудгард вилоятҳои Навоӣ ва Бу¬хороро паси сар карда, бо кафидани чаш¬ми рӯз ба ноҳияи Ҳазораспи Хоразм расид. Мусофирон аз тирезаи қатора боғҳои пур аз дарахтҳои мевадори ноҳияҳои Ҳазорасп ва Боғотро тамошо карда, баҳра гириф¬танд. Серҳосилии зардолузорҳо ва дигар дарахтҳо диққати мусофирони поездро ба худ ҷалб намуд. Поезд соати 10 ба вокзали роҳи оҳани Урганҷ расид. Мутасаддиён зи¬ёратчиёнро бо 7 автобуси русуми «Исузу» ба меҳмонхонаи чорситорадори «KHOREZM PALAСE» – и шаҳр бурданд. Ҳамаи меҳмонон аз хонаҳои равшану боҳавои меҳмонхона, ки шароити хуби зиндагӣ доранд, ҷой ги¬рифтанд. Бояд таъкид намуд, ки мувофиқи барнома моҳе 1000 нафар сайёҳи мамла-катамон дар ин меҳмонхона мешаванд. Мо баъди хӯроки нисфирӯзӣ дар ресторани меҳмонхона савори автобусҳо шуда, ба шаҳри Хива рафтем. Автобусҳо бо роҳи васеи босифат ҳаракат карданд. Дар роҳи 30 километраи Урганҷ – Хива саёҳатчиҳо аз тамошои ғаллазору пахтазор, иншооти солҳои охир дар ин ҳудудҳо бунёдгардида ва боғҳо завқ бардоштанд. Дар ин кӯча троллейбусҳои замонавӣ ҳаракат доштанд. Ба зиёда аз 120 сайёҳи маҳаллӣ музейи зери осмони Ичанқалъаву Дичанқалъаи Хива таассуроти хуб бахшид гӯям, иштибоҳ наме¬шавад. Ичанқалъа музейи кушоди 26-гектараи қадима буда, бо ҷозибанокии хеш тамошобинонро мафтуни худ мекунад.
Баъди хӯроки бегоҳӣ дар тарабхона ду нафар сарояндаи хоразмӣ барои зиёратчиён сурудҳои шӯх иҷро намуданду ҳозирон рақсида, кайфияти хуш гирифтанд.
Рӯзи дигар гурӯҳҳо ба саёҳати шаҳри Урганҷ баромаданд. Мо аввал дар масҷиди ҷомеи навбунёди Охун Бобо шудем. Зебогии он ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Пайкараи баланди Ҷалолиддин Мангубердӣ ва дигар ҷойҳоро тамошо кардем. Баъди ҳамин дар бозори марказии шаҳр шудем.
Гурӯҳҳо бо кайфияти хуб бо поезди Ур¬ганҷ – Тошканд ба шаҳрашон баргаштанд.
– Аз саёҳати шаҳрҳои қадимаи Хива ва Урганҷ баҳра гирифтам. Барои ин ба Президентамон, ташкилотчии саёҳат – Федератсияи иттифоқи касабаи Ӯзбекистон ташаккур. Кайҳо боз дидани Ичанқалъаи Хиваро орзу мекардам. Маҳз бо амалишавии барномаи «Саёҳат ба саросари Ӯзбеки¬стон» имрӯзҳо ба орзуям расидам, – изҳори ақида намуд яке аз ҳамсафаронам, омӯзго¬ри фанни забони русии мактаби таълими умумии рақами 73 – и деҳаи Тераки ноҳияи Ургут Ҳасан Қаюмов.

Ҷамшеди АСРОР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ