Дар Туркия теъдоди қурбониёни заминларза ба 95 нафар расид


Агентии вазъиятҳои фавқулоддаи Туркия дар бораи ба 95 нафар расидани шумори қурбониёни заминларза дар Измир хабар дод.
Ҳамчунин, тақрибан 1 000 нафар дар натиҷаи ин офати табиӣ захмӣ шудаанд.
Бино ба хабари “Анадолу”, пулиси Туркия 9 нафарро, ки дар сохтусози биноҳои истиқоматӣ иштирок кардаанд, боздошт кард.
Ёдовар мешавем, ки заминларза дар ғарби Туркия рӯзи 30 октябр рух дод. Шиддати заминларза 6,7 дараҷа буд.
Дар натиҷаи заминларза дар ҷазираи Юнон – Самос низ 2 нафар кушта ва 19 нафар захмӣ шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ