Футболбози афсонавӣ Марадона ба шифохона афтод

Футболбози аргентинӣ, чемпиони ҷаҳонии соли 1986 Диего Марадонаро ба шифохона хобонданд. Дар ин бора ESPN хабар дод. Шифокори Марадона маълум кард, ки саломатии футболбоз зери хавф нест. Бемор вақти хостааш аз беморхона баромаданаш мумкин. Бино ба суханҳои шифокор дар Марадона муаммоҳои психологии ба ҳолати ҷисмонии ӯ таъсиррасон мавҷуд. Дар шифохона афтодани футболбоз бо бемории коронавирус вобаста нест. Марадона се рӯз пеш 60-солагии худро қайд кард. Имрӯзҳо вай сармураббии клуби футболи «Химнасия»-и Аргентина ба ҳисоб меравад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ