Конфронси навбатии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) соли 2021 баргузор мегардад

Аз 2 то 4 ноябр Иҷлосияи 32-юм ва Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ тариқи бархат (онлайн) баргузор гардида истодааст.
Дар конфронси мазкур масъалаҳои таъмини амнияти устувори озуқаворӣ ва ғизо тавассути ислоҳоти институтсионалӣ, таҳкими иқтидор ва дастгирӣ барои таҳия ва татбиқи сиёсати амнияти миллии озуқаворӣ, истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва эҷоди устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, таъмини самаранокии устувори кишоварзӣ ва рақобатпазирӣ муҳокима шуданд.
Дар ҷараёни он мавзӯи «Роҳҳои ҳалли фаъолият барои ҷавонон, шуғл ва рушд дар минтақаҳои деҳот дар робита ба Даҳсолаи хоҷагидории оилавии СММ» мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.
Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) форуми расмӣ буда, дар он вазирони кишоварзӣ ва мақомоти баландпояи давлатҳои аъзои СММ (ФАО) ва як минтақаи ҷуғрофӣ сухан мегӯянд.
Мақсад аз баргузории чунин Конфронси минтақавӣ таҳияи ҳамоҳангии масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар сиёсати кишоварзӣ, мушкилот ва масъалаҳои афзалиятноки марбут ба бехатарии озуқаворӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Дар ҷараёни баргузории конфронс иштирокдорон ба мувофиқа расиданд, ки Конфронси сатҳи баланди навбатии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) моҳи июли соли 2021 баргузор карда шавад ва ташаббуси «Даст ба даст»-и СММ (ФАО) дар чорабинии мазкур пешниҳод ва мавриди муҳокима қарор дода шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ