Аз таҳти дил меҳнат мекунем…

– Ба туфайли замини наздиҳавлигиамон рӯзгорамон фаровон аст, – гуфт шаҳрванди маҳаллаи «Чӯянтеппа»-и ноҳияи Булунғур Шавкат Пардаев. – Замини наздиҳавлигиамон 10 холро ташкил мекунад. Як қисми он токзор аст. Ангурро ба бозор бурда намешинем. Худи харидорон омада, аз мо бо нархи бароямон мақбул мехаранд. Дар замин якчанд навъи дарахтҳои мевадеҳ дорем. Имсол ҳосили дарахтҳои гелосу олболу, себу нок хуб шуд. Инчунин, картошка, сабзӣ ва шалғам мерасонем. Ҳосили сабзавот ҳам имсол нағз шуд. Меҳнат кунӣ роҳаташро мебинӣ мегӯянд. Барои гирифтани ҳосили дилхоҳ аз таҳти дил меҳнат мекунем. Ба ивази ин замин ҳосили дилхоҳ медиҳад.

Р.ҲОТАМОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ