Минбари халқ

Эҳтироми адиби бузург ва эътирофи тараннумгарони дӯстӣ

Имрӯз дар факултети таълими томактабии Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дар пеши муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ тақдимоти китоби тозанашри «Айнишиносӣ дар Самарқанд» баргузор гардид.
Тадбирро, ки дар он шоиру нависандагон, олимони адабиётшинос, профессор-­устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ва намояндагони ҷамоатӣ иштирок карданд, раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии рӯзноманигорони Ӯзбекистон Фармон Тошев ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки адиби бузург, олими барҷаста, шоири тавоно Садриддин Айнӣ барои рушди адабиёти тоҷику ӯзбек баробар хизмат кардааст.
Сипас, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев, раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, шоир Салим Кенҷа, директори собиқи Хона-­музей, писархонди устод Садриддин Айни Абдукарим Ғанизода ва сарвари кунунии он Амриддин Пӯлодов оиди хизматҳои Садриддин Айнӣ дар рушди илми адабиётшиносӣ, аҳамияти китоби тозанашри «Айнишиносӣ дар Самарқанд» бобати омӯхтани паҳлӯҳои эҷоди нависандаи бомаҳорат, давом додани чунин анъанаҳо сухан карданд.
– Бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» таҳти сарпарастии Музей-­мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд нашр гардидани китоби «Айнишиносӣ дар Самарқанд» амали шоёни таҳсин аст, – гуфт Ҷ. Ҳамроев. – Китоб барои аҳли адаб, бахусус, пажӯҳигароне, ки бевосита бо омӯхтани осори асосгузори адабиёти муосир сарукор доранд, чун манбаи муҳими илмӣ хизмат хоҳад кард. Дар китоб мақолаҳо дар бораи мероси адабии устод Айнӣ, саҳми ин марди хирад дар пойдориву равнақи дӯстиву бародарӣ, робитаю таъсири адабии халқҳоямон, ки тӯли солҳои истиқлол дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» нашр шудаанд ва дар хазинаи музей-­мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд маҳфузанд, ҷамъоварӣ шудааст. Ҳангоми мутолиаи мақолаҳои китоб шоҳиди он мегардед, ки муаллифи аксари онҳо олимони адабиётшиносанд ва бевосита як паҳлуи ҳаёт ва эҷоди устодро баррасӣ намудаанд.
Дар доираи тадбир ғолибони озмуни «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт» низ мукофотонида шуданд. Тавре, ки хабар дода будем озмунро таҳририяти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд», бо ҳамкории Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд ва шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон гузаронд.
Раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов ба сухан баромада, таъкид намуд, ки озмун бо мақсади дастгирӣ ва рағбатнок кардани эҷодкороне, ки дар воситаҳои ахбори оммавӣ доир ба баланд бардоштани маданияти фарохдилӣ ва инсонпарварӣ, мустаҳкамнамоии ҳамраъйӣ ва тинҷии байни миллатҳо, фароҳам овардани ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои шаҳрвандони мамлакатамон корҳои босамарро амалӣ мегардонанд, ташкил гардид.
Дар анҷом ғолибон аз рӯйи равияҳои маводи беҳтарини таҳлилӣ дар телевидение, радио, воситаҳои ахбори оммавии чопӣ ва электронӣ муайян ва бо диплому тӯҳфаҳои ташкилотчиён сарфароз гардиданд.
– Дар озмуни «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт» аз рӯйи равияи маводи беҳтарини таҳлилӣ дар телевидение бо барномаи «Ҳалқаи тилло» ғолиб гардидам, – гуфт корманди Ширкати садо ва симои вилоят Динара Ҷумъабоева. – Ташкили чунин озмунҳо барои боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстию якдилӣ ва пайванди маданӣ, ривоҷ додани ҳамкорӣ байни халқҳои кишвар, ки асрҳо боз паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ мекунанд, пурзӯршавии меҳру оқибати байниҳамдигарии онҳо хизмат мекунад. Ба ташкилотчиёни озмун изҳори миннатдорӣ менамоям ва тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммавиро бо иди касбӣ табрик мекунам.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ