Ба фарзандон чӣ мебахшем?!

Андешаи аксари падарон осоиш ва беҳбудии рӯзгори фарзандон дар зиндагӣ аст. Ҷойи таассуф мебошад, ки таманнову хоҳишҳо бо ҳамин интиҳо меёбанд ва дуртару аз оқибат андешида наметавонем.
Фарзандон ҳам бар ин андешаанд, ки аз падар бар онҳо чӣ хоҳад расид, агар ҳам ба мерос бошад. Он ҷигаргӯшае бештар шод мегардад, ки ба ӯ сарвати зиёдтар расида ва дар кохи боҳашамат зиндагӣ ба сар мебарад. Дар ин ҳол ҳам ифтихор аз нақлиёти нодиру гаронарзиш мекунад. Табиист, ки кибру ғурур домони ӯро аз даст намедиҳад, балки худ барои мавҷудияту пойдорияшон замина фароҳам меоварад.
Чандин гуноҳи ин фарзандонро мо – падарон мебинему чашм мепӯшем. Албатта, гоҳе ҳам ба ин умед, ки ҷавонанду рӯзгор дар фурсате муносиб дарси ибраташон медиҳад.
Аслан, худро ба ин васила мефиребем ва медонем, ки ин ҷуз фиребе беш нест. Намеандешем, ки муҳаб­бати онҳо чашмҳои моро кӯр карда ва ин кӯриро ҳам барояшон ба мерос мегузорем.
Мусобиқаву озмоишҳо рӯз то рӯз афзун мешаванду хавфноктару марговартар.
Ин танҳо фоҷиаи як оила нест, фоҷиаи миллат аст. Тақлиду саъю кӯшиш барои расидан ба манзалати ин гурӯҳ ҳолиё расм шуда ва дуру берун аз имкон нест, ки ба ҳукми анъана бидарояд. Ҳар нодору камбизоат низ дар ин андеша мебошанд, ки аз гарди домани онҳо баҳравар бишаванд. Дар вуҷуди инҳо ҳасад тавлид мегардад ва ин ба фасоди ошкоро табдил меёбад. Бо ин фасод мубориза бурдан бениҳоят душвор ва дар баъзе маврид ҳатто номумкин аст. Ин фасод ҳамзамон бемориҳои зиёдро ҳаст мекунад. Бузургтарин вабо, вирус дар пеши он ҳеҷ мебошад. Ин фасоду бемориҳо сабаби харобии рӯҳ мегардад. Имкони донишандӯзӣ, иҷрои амалҳои некро аз одамӣ мебарад. Бузургони мо ба садҳо сол пеш барои бедории мо, шинохти ҳақиқат ва дар дил ҷой надодани ишқи дунёву молу зару ҷоҳ таъкид мекарданд:
Об дар киштӣ ҳалоки киштӣ аст,
Об дар дарё ба киштӣ пуштӣ аст.

Тадбирҳои хатои мо ҳолиё аз ин роҳ аст, ки обро дар киштӣ ҷамъ биёрем. Ба чашм на як бор, балки борҳо дидем, ки сарватандӯзӣ ва муҳаббати он чи оқибати баде барои соҳибонашон дар пай дошт. Ин гурӯҳ ҳамеша мавриди назари мардуманд. Ин мардум дар баробари ҳасад варзидан «оҳ» низ доранд ва бар дилу забон нафрат ҳам. Пас бо донистани ин ҳақиқати рӯшан чаро худро дар рӯбарӯи «оҳ»-у нафрат қарор медиҳем? Дар ҳеҷ сурат, ки он ба нафъи мо нест. Дар тасаввури мардум, агар ҳам хато бошад, ин гурӯҳ аз дониш, маърифат, адаб, фаросат дуранд, балки дури дуранд. Бояд ин панди Шайх Саъдиро, агар аз ёд бурдаем, ба хотир биёрем:
Он кас, ки тавонгарат намегардонад,
Ӯ маслиҳати ту аз ту беҳтар донад.

Чаро тавонгариро танҳо ба василаи доштани зару сарват ва ҷоҳ шинохтаем? Чаро марди доноро аблаҳ мешуморему гадо? Ҳол он ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҳушдорамон медиҳад, ки ҳақиқатро дуруст бишносем:
Гар надорад симу зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳру дониш в‑ӯ шаҳи баҳру бар аст.

Оре, мо – падарон ин ҳақиқатро шинохтаему медонем, азбаски пешиниён, омӯзгоронамон ба ҳангоми таълимамон бо ҳисси дилсӯзӣ, масъулиятшиносӣ огоҳамон карда буданд. Аммо ин ҳақиқатро мо пӯшонидем ва баъд аз ёд бурдем. Ҳол он ки масъул будем ба фарзандон аз он бигӯем ва тасдиқ бикунем, ки ҳақиқат ва роҳи рост ин аст.
Магар омӯзгоронамон ба мо нагуфтанд, ки:
Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз,
К – ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз?

Агар ногузир тасдиқ мекунем, ки дар роҳи хатоем, чаро аз он барнамегардем? Чаро фарзандонамонро дидаву дониста ба ин роҳ ҳидоят мекунем? Мебинему медонем, ки аксари ин дороён, ки ба ғорати моли давлату миллат мақому манзалат дар ҷомеа пайдо кардаанд, ба осоишу беҳбуди рӯзгори нек ноил нагардиданд. Бар­ъакс, ба хориҳо, бе осоиш зистанду бемор шуданду ҷон доданд. Мебинему медонем, ки интиҳои зиндагӣ ва он ҳам зиёд нест, марг мебошад. Магар рисолати инсонӣ андӯхтани сарвату талоши ҷоҳ аст? Чаро мо – падарон рисолатамонро аз ёд бурдем?
Ин аз муҳаббату дилсӯзӣ нест, ки ба фарзандон рисолаташонро шинос накунем ва онҳоро дар дунёи ҷаҳолат нигоҳ бидорем. Ҷаҳолат ба ҳеҷ рӯ хуб нест, агар ба ивази он тамоми дунёро бибахшанд. Муроди ин ҷониб, албатта, он нест, ки доро набошем. Не. Бояд доро бошем, вале ба ин дороӣ набояд бо ғорату фиреб ва зулм бирасем. Инчунин, муҳаббати онро дар дил напарварем. Агар ба ин дороӣ бо касби ҳалол расидаем, он бояд дар корҳои хайру пешрафту тараққиёти кишвар ва беҳбудии рӯзгори мардум сарф бигардад. Ин ҳақиқатро низ зарур аст бидонем, ки дороии чанд нафар дороӣ маҳсуб намешавад, то давлату миллатамон доро набошад.
Бояд ба таъкид ва ҳушдор ба худ бигӯем: «Чаро ба ашёи залилу фонии дунё дил бибандем? Чаро неъматҳо ва сарватҳои асливу пойдорро намешиносему барои соҳиб гардидан ба онҳо саъю кӯшиш ба харҷ намедиҳем?» Бояд бидонем, ки онҳо, яъне ашёи залилу фонӣ, сарватҳои доимии безавол нестанд. Хоҳиш ва орзуҳои дунёӣ зиёд асту фиребанда. Мабодо, ки онҳо моро роҳ бизананду ба ҳалокат бирасонанд. Ҳалокати мо танҳо ҳалокати худи мо ва фарзандонамон нест, балки, ҳамзамон, ҳалокати давлату миллат низ мебошад.
Бешак, мо дар андешаи парваришу роҳатрасониву ороиши дунявии фарзандонем. Ба яқин, намехоҳам дар пояшон хоре бихалад. Пас, ҳақиқатро бояд барояшон маълум бикунем, то дар зери бори хоҳишҳои нафсонӣ, ки марговару фоҷиаборанд, намонанд. Таълиму тарбияи дурусти онҳо ё худ тарбияи ақидавӣ, амалӣ ва ахлоқӣ вазифаи ҷонӣ ва аввалиндараҷаи мост. Ба мо ҳатман аз рӯи фарзандонам ва афкору аъмоли онҳо баҳо медиҳанд. Ва ҳам аз он муайян мекунанд, ки мо то куҷо ва чӣ андоза ба онҳо муҳаббат доштем.

А.РАҲИМ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ