“Давлати Исломӣ” масъулияти ҳамлаи террористӣ дар Венаро ба дӯши худ гирифт


Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамлаи террористӣ дар Венаро ба дӯши худ гирифт. Дар ин бора расонаҳои хабарӣ ба нақл аз сайти ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” хабар доданд.
Бино ба маълумоти вазорати корҳои дохилии Австрия, террористе, ки дар ҷойи ҳодиса кушта шуд, зодаи 20-солаи Албания буд. Ӯ барои кӯшиши ҳамроҳ шудан ба ҷангҷӯёни Сурия ҳабс шуда, вале, пеш аз муҳлат ба озодӣ расида буд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи ин ҳамла 4 нафар кушта ва беш аз 20 нафар захмӣ шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ