Кореяи Шимолӣ барои мубориза бо COVID-19 сарҳади Чинро минагузорӣ кард


Ҳукумати Кореяи Шимолӣ барои пешгирии ворид шудани мубталоёни коронавирус ба сурати ноқонунӣ сарҳади Чинро баст ва баъзе минтақаҳои сарҳадиро минагузорӣ кард. Дар ин бора агентии Yonhap хабар дод.
Ба гуфтаи як намояндаи порлумони Кореяи Ҷанубӣ, кишвари шимолӣ барои мубориза бо коронавирус имконияту салоҳият надорад ва пандемия метавонад дар он ҷо оқибатҳои ваҳшатнок биёрад.
Бар асоси маълумоти ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ, агар пандемия дар Кореяи Шимолӣ паҳн шавад, метавонад боиси марги то 500 ҳазор нафар гардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ