Рекорди Байден. Вай аввалин номзад дар таърихи интихоботи президентии ИМА шуд, ки 70 миллион овоз гирифт

Витсе-президенти пешин Ҷо Байден, номзади демократҳо ба президенти Иёлоти Муттаҳида, дар шумораи овозҳо дар интихоботи ИМА рекорд гузошт. То ҳол 70 миллион 25 ҳазору 710 нафар ба Байден овоз додаанд.
Маъруфтарин номзад дар интихоботи президентии ИМА то ҳол Барак Обама буд. Демократ Обама дар соли 2008 69миллион 498 ҳазору 516 овоз гирифта буд. Байден аввалин номзад дар таърихи интихоботи президентии ИМА шуд, ки 70 миллион овоз гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ