Байден дар пеш, Трамп барои “судбозӣ” омода аст


Дар ИМА ҳисоби овозҳои интихоботи раисҷумҳурӣ идома дорад. Бино ба маълумоти норасмии расонаҳои хабарии ИМА, Ҷо Байден нисбат ба Доналд Трамп бештар – 248 раъй дарёфт кардааст. Барои ғалаба дар интихобот ҳадди ақал 270 овоз зарур аст. Байден дар иёлатҳое мисли Калифорния, Ню-Йорк, Аризона, Вирҷиния, Иллинойс, Колорадо ва Миннесота ғолиб шуд.
Дар иёлатҳои Висконсин, Мичиган ва Пенсилвания муборизаҳои шадид миёни Байден ва Трамп мушоҳида шуд. Ғалаба дар ин иёлатҳо соли 2016 боиси раисҷумҳур интихоб шудани Трамп шуда буд. Ҳоло, Байден дар Висконсин ғолиб шуда ва дар Висконсин ба ғалаба наздик расидааст.
Вале, Трамп мехоҳад, ки аз тариқи додгоҳ (суд) дар Висконсин “ҳисоб-китоб”-и овозҳоро аз нав анҷом диҳад. Ҳамчунин, ӯ талаб мекунад, ки то роҳ ёфтани мушоҳидакунандагонаш ба нуқтаҳои интихоботӣ дар Мичиган ва Пенсилвания шумурдани овозҳоро қатъ кунанд. Ба фикри ӯ, дар ин иёлатҳо, ки ҳукумат дар дасти демократҳо аст, сохта кардани овозҳо мумкин аст.
Трамп дар Юта ва дигар иёлатҳои ғарбӣ ғолиб шуд. То ҳол ӯ 214 раъй дарёфт кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ