Дар саросари Италия соати комендантӣ ба муҳлати тақрибан 1 моҳ ҷорӣ шуд


Ҳукумати Италия барои пешгирии паҳншавии минбаъдаи коронавирус дар саросари кишвар соати комендантӣ ҷорӣ кард. Дар ин бора Meduza хабар дод.
Соати комендантӣ аз 22.00 то 05.00 идома меёбад. Муддати ин режим тақрибан як моҳ аст.
Ҳамчунин, музейҳо ва намоишгоҳҳо фаъолияти худро муваққатан қатъ мекунанд. Синфҳои болоии мактаб ба таҳсили онлайн мегузаранд. Фурӯшгоҳҳо рӯзҳои истироҳатӣ кор намекунанд.
Аз нимаи дувуми моҳи октябр паҳншавии коронавирус дар Италия хеле суръат гирифт. Дар ду ҳафта шумори рӯзонаи мубталоён аз 10 ҳазор ба 30 ҳазор нафар зиёд шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ