Дар Ҷопон паҳн шудани зукоми парранда қайд карда шудааст

Дар Митоё, префектураи Кагаваи Ҷопон хуруҷи зукоми парранда ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа, дар яке аз корхонаҳои паррандапарварии маҳаллӣ 330 000 мурғ нобуд карда мешавад.
Сарвазири Ҷопон Ёсихиде Суга фармон додааст, ки вазирони масъул мурғфурӯшонро ба ҳушёрии шадид даъват кунанд, дар бораи паҳншавии зуком маълумот гиранд ва барои пешгирии эпидемия фавран чора андешанд.
Ба наздикӣ Кагава штаби мубориза бо паҳншавии зукоми парранда ташкил мекунад. Дар фабрикаи паррандапарварии маҳаллӣ низ тақрибан 330 ҳазор мурғ нобуд карда мешавад. Ҳукумат аз нерӯҳои мудофиа хостааст, ки барои нобуд кардани мурғҳо гурӯҳ фиристанд.
Инчунин дар атрофи корхона минтақаи карантинии 10 километрӣ сохта шудааст. Ҳукумат баровардани мурғ ва тухмро аз ин минтақа манъ кардааст. Дар маконе, ки зукоми парранда ошкор шудааст, муддати 10 рӯз дезинфексия гузаронида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ