Сирояти рекордии коронавирус дар рӯзи интихоботи раисҷумҳурии ИМА


Интихоботи раисҷумҳурии ИМА боиси сирояти рекордии коронавирус дар ин кишар шуд. Рӯзи 3 ноябр дар ИМА 103 ҳазор ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд.
Дар ин рӯз 1,1 ҳазор нафар бар асари COVID-19 вафот карданд. Дар 17 иёлат шумори мубталоёне, ки дар бемористон бистарӣ шуданд, низ рекорди нав зад.
Бино ба додаҳои донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, то ба имрӯз дар ИМА 9 миллиону 477 ҳазору 709 нафар мубталои коронавирус гардидаанд. Шумори қурбониёни вирус 233 ҳазору 651 нафар аст. То ҳол беш аз 3,7 миллион нафар бемор шифо ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ