Дар як қатор вилоят ва шаҳрҳои Эрон маҳдудиятҳои карантин пурзӯр карда шуд

Раисҷумҳури Эрон гуфт, бо тасвиби ситоди миллии мубориза бо корона ба муддати 10 рӯз маҳдудиятҳои ҷадид дар марказҳои 25 остон ва 46 шаҳристон иҷро хоҳад шуд.
Ҳасан Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар ҷаласаи ситоди миллии мубориза бо вируси корона афзуд, ки дар чорчӯби ин маҳдудият, тамоми иқдомоте, ки умдатан ба фаъолиятҳои омӯзишӣ ва таҷаммӯъ дар муносибатҳои мухталиф марбут мешавад, аз рӯзи чаҳоршанбеи ба муддати 10 рӯз мамнӯъ мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
“Маҳдудиятҳое ҳам, ки пеш аз ин барои 43 шаҳристон тасвиб шуда буд, дар ин ҷаласа тамдид шудааст”, — гуфт Руҳонӣ.
Раисҷумҳури Эрон дар идома бо баёни ин ки барои мавқеият дар муқобила бо вируси корона ҳама бояд ба вазоифи мушаххаси худ амал кунанд гуфт, ки мардум бояд бо ҳама тавон ба саҳна биёянд ва бо риояти комили дастурамалҳои беҳдоштӣ ба давлат дар муқобила бо вируси корона кӯмак кунанд.
Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то зуҳри рӯзи шанбе 36 ҳазору 579 нафар бар асари бемории Ковид -19 ҷон бохтаанд.
Ҳамчунин дар 24 соати ахир 8 ҳазору 52 бемори ҷадиди Ковид -19 шиносоӣ шуданд ва 852 бемор низ ҷони худро аз даст доданд.
Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 646 ҳазору 164 нафар расидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ