Инсон – азиз, хотира – муқаддас!

Чунин ном дошт тадбири маънавӣ-маърифатие, ки дар Музейи давлатии хотираи қурбониёни табъид (Қатағон) бо ташаббуси шӯъбаи вилоятии Бунёди ҷамоатӣ-хайриявии “Маҳалла”-и Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят, Садорати дастгирии маҳалла ва оила, Шӯрои вилоятии Ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ”-и Ӯзбекистон доир гардид.
Зикр гашт, ки дар кишварамон доир ба абадӣ гардондан, омӯхтан ва тарғибу ташвиқи фаъолияту мероси баёдгоргузоштаи аҷдоди дар давраи мустабид ба табъид дучоршуда, ки дар роҳи истиқлолияти Ватан, раҳоӣ ва озодии халқ, таъмини ҳаёти осудаву фаровони насли оянда, мардонавор талош варзида, ҷони азизи худро фидо намудаанд, корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.
Имзо гардидани фармоиши Президенти мамлакат “Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба омӯхтани мероси қурбониёни табъид ва абадӣ гардонидани хотираи онҳо” корҳоеро, ки дар ин самт амалӣ мегарданд, ба зинаи нав баровард.
Дар рафти тадбир роҳбари музей М.Муқимов дар бораи бунёди музейи давлатии “Хотираи қурбониёни қатағон”, аҳамияти таърихии он маърӯза кард. Ёдрас карда шуд, ки дар вилояти Самарқанд 1544 нафар қурбони солҳои қатағон гардида, ҳоло дар ин самт аз тарафи гурӯҳи кории махсуси ҳокимияти вилоят корҳои ҷустуҷӯӣ давом дорад. — Дар кишварамон аз соли 2001 инҷониб ҳар сол 31 август ба сифати “Рӯзи ёдкарди қурбониёни табъид” васеъ қайд карда мешавад, — гуфт М.Муқимов. — Маҷмаъи ёдгории “Шаҳидлар хотираси” бунёд гардид. Бунёди ҷамъиятии “Шаҳидлар хотираси”, Музейи давлатии хотираи қурбониёни табъид ва дар назди муассисаҳои таълими олии ҳудудӣ шуъбаҳои он созмон дода шуданд. Ин ҳама нишонаи эҳтиром ба қурбониёни солҳои қатағон мебошад.
Таъкид гардид, ки дар ин замони технологияҳои ахбориву коммуникатсионӣ рушёфта, ки хавфу хатари глобалӣ дар дунё пурзӯр мегардад, дарки худшиносии миллӣ ва барқарор кардани таърихи ростинамон беш аз пеш аҳамияти муҳим касб менамояд, абадӣ гардондани хотира ва номи арбоби давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони илму фан, маданият ва санъат, адабиёт, ҳазорон ҳамватанони касбу корашон оддие, ки аз ҷониби сохти тоталитарӣ хунсардона табъид шудаанд, дар мисоли ҷасорату матонати онҳо тарбия кардани насли наврас дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба халқу Ватан вазифаи рӯзмарра мегардад.
Зафар ҒАФФОРОВ, корманди шӯъбаи вилоятии Бунёди ҷамоатӣ-хайриявии “Маҳалла”-и Ӯзбекистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ