Олимони Австралия навъи нави занбӯри асалро пайдо карданд


Олимони Донишгоҳи Флиндерси Австралия навъи нави занбӯрҳои асалро пайдо карданд. Ин навъи занбӯрҳои “шабгард” мебошанд. Дар ин бора мақолае дар маҷаллаи Journal of Hymenoptera Research чоп шуд.
Олимон як муддати дарозеро барои омӯхтани чор навъи занбӯрҳои асали Австралия сарф карданд. Маълум шуд, ки навъҳои Reepenia bituberculata ва Meroglossa gemmata ҳангоми шому шаб хӯрок мехӯранд. Яке аз хусусиятҳои ин занбӯрҳо чашмонашон аст. Чашмони ин навъҳои “шабгард” нисбат ба чашмҳои дигар занбӯрҳо калонтар аст. Онҳо бо чашмони калон дар шаб бе муаммо мебинанд.
Ҷеймс Дори, роҳбари пажӯҳишгарон гуфт, ки занбӯрҳои Reepenia bituberculata ва Meroglossa ҳанӯз ба ҳадди кофӣ омӯхта нашудаанд. Пеш дар Австралия дар бораи ин ҳашарот мақолаҳои бовариноки илмӣ чоп нашудаанд. Ба назари ӯ, омӯхтани навъҳои занбӯри “шабгард” барои донистани нақши онҳо дар экология ва гирифтани пеши осебрасониҳо ба онҳо зарур аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ