Боку дар бораи тасарруфи 4 шаҳри Қаробоғ хабар дод


Нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон 4 шаҳри Кӯҳистони Қаробоғро зери назорат дароварданд. Дар ин бора Алӣ Асадов, сарвазири Озарбойҷон рӯзи 6 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ маълум кард.
Ӯ гуфт, “То имрӯз 4 шаҳр, 3 деҳа ва беш аз 200 маҳаллаи ишғолшуда озод гардиданд”.
Чанде пеш вазорати мудофиаи Озарбойҷон маълум кард, ки хабари ҳамлаи онҳо ба шаҳри Степанакерт, пойтахти Қаробоғ асос надорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ