Намояндагони хориҷӣ дар интихоботи раисҷумҳурии ИМА қоидашиканиро мушоҳида накард


Бо вуҷуди он, ки Доналд Трамп эълон кард, ки мехоҳанд дар ҷараёни шумурдани овозҳо ғалабаро аз ӯ бидузданд, мушоҳидакунандагони Шветсия дида нашудани ягон ҳолати қоидашиканиро дар интихобот маълум карданд. Дар ин бора Sveriges Radio хабар дод.
Дар ҳоли ҳозир натиҷаҳои интихобот беш аз ҳама вобаста ба иёлатҳои Каролинаи Шимолӣ, Ҷорҷия, Пенсилвания ва Невада мебошад. Рӯзи гузашта Ҷозеф Байден дар Ҷорҷия аз рӯи шумори овозҳо Трампро ба ақиб гузошт. Трамп чанде пеш талаб карда буд, ки дар иёлатҳои калидӣ шумурдани овозҳоро қатъ кунанд.
Аммо, намояндагони порлумони Шветсия, ки интихоботро мушоҳида карданд, ягон сабабе барои зери савол бурдани ҳаққонияти интиботро наёфтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ