Мишустин: Русия ба кишварҳои ИДМ дар мубориза бо пандемия ёрӣ мерасонад


Михаил Мишустин, сарвазири Русия гуфт, ки кишвараш ба аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар мубориза бо коронавирус ёрӣ мерасонад. Дар ин бора шабакаи телевизионии “МИР 24” хабар дод.
Ӯ гуфт, “Тестҳо барои ташхиси коронавирус, ки Русия истеҳсол мекунад, ба ҳамаи кишварҳои узви ИДМ фиристода шудаанд”.
Мишустин афзуд, “Мутаассифона, коронавирус ҳанӯз ақибнишинӣ намекунад. Ниҳодҳои масъули мо якҷоя барои нигоҳ доштани паҳншавии беморӣ кор мекунанд. Мехоҳам бори дигар таъкид кунам, ки Русия барои ёрӣ ва табодули таҷруба бо кишварҳои ИДМ омода аст… Мо барои таъмини кишварҳои бародар бо ваксинаҳо кор мекунем. Коронавирус ин мушкили ҳамаи мост”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ