Аз ҳосили токзор-­обод аст рӯзгор

Ҷаҳонгир дар даври мактабхонӣ назди бобояш Саъдулло ва падараш Нарзӣ Саъдуллоев, ки дар бригадаи рақами 18-и собиқ хоҷагии ҷамоавии «Мароқанд»- и ноҳияи Самарқанд деҳқонӣ мекарданд, рафта, ба корҳои саҳроӣ ёрӣ мерасонд. Дар бачагӣ зеҳни одам хуб мешавад. Вай ба кори бобою падар назар карда, асрори амалҳои ҷӯякашӣ, дастхок, обёрӣ, дорузаниро хуб омӯхт.
Аввали солҳои 2000-ум Ҷаҳонгир аз сарвари бригада Абдуазим Ҳакимов 75 хол токзор гирифт. Бо ёрии аҳли оилааш кори саҳроро ба роҳ монд. Бист сол мешавад, дар токзор таҳтидилона меҳнат мекунад. Ҳар сол аз навъҳои «Тоифӣ», «Кишмиши сиёҳ», «Кишмиши сафед»- и ангур аз 7 то 10 тонна ҳосил мегирад. Қисми асосии онро ба давлат дода, ба содирот низ мебарорад. Хулоса, барои гирифтани ҳосили дилхоҳ сидқидилона меҳнат карда, роҳаташро мебинад.
Ба деҳқонӣ номусоид омадани обу ҳаво низ ба ҳосил таъсир мерасонад. Барфе, ки аввали моҳи апрели соли ҷорӣ борид, ба киштзору токзорҳо зарар расонд. Муғҷаҳои ангурро хунук зад.
Ҷаҳонгир Саъдуллоев, аъзои хоҷагии фермерии «Холиқов Маннон боғлари»- и ноҳия аз номусоидии обу ҳаво рӯҳафтода нашуда, меҳнат кард. Имсол ба давлат қариб 2 тонна ангур супорид.

Ҷамшеди АСРОР,
Аксбардор Комил ҶӮРАҚУЛОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ