Дугоникҳо чеҳраҳои якхела дошта бошанд ҳам, дар асл онҳо гуногунанд

Дар маҳаллаи мо дугоникҳо (экизакҳо) бис­ёранд. Аксари номи калонсолонашонро медонам. Вале дар байни бачаҳову наврасон ба фарқи онҳо расидан душвор аст. Баъзан чунон мешавад, ки аз ин пештар онҳоро дидаву шинос шуда бошед ҳам, ба яке аз дугоникҳо вохӯрда, «Ҳасан» гӯён, муроҷиат кунам, вай «ман Ҳасан не, ман Ҳусейн» гӯён ҷавоб медиҳад. Дар шинохти Фотимаву Зӯҳроҳо ҳам одам ба иштибоҳ роҳ медиҳад. Онҳо дар андому чеҳра як хел бошанд, ки феълу атвори гуногун доранд. Падару модаронашон онҳоро ба хубӣ фарқ мекунанд ва бехато номашонро ба забон меоранд.
Чаро дар баъзе хонаводаҳо фарзандони дугоник ё сегоник ба дунё меоянд? Инро мутахассисон ҳар хел шарҳу эзоҳ медиҳанд. Масалан, дар даҳ соли охир дар Россия шумораи таваллуди дугоникҳо дуюним баробар зиёд шудаанд. Сабаби афзоиши дугоникҳоро таҳқиқгарони ин соҳа усули бордоркунии сунъӣ медонанд. Ҳангоми бо роҳи сунъӣ бордор гардондани занон аксарияти кӯдакон аз ду тухмҳуҷайра ба дунё меоянд. Онҳоро дугоникҳои гуногунтухмҳуҷайра меноманд.
Аз рӯйи ақидаи психогенетикҳо дугоникҳое, ки аз як тухмҳуҷайра ба вуҷуд меоянд, ген – омили таъмини ирсияти онҳо ба якдигар мувофиқат мекунанд ва онҳо як хел чеҳраву андом доранд. Дугоникҳои гуногунҳуҷайра аз ҳар гуна тухм­ҳуҷайраҳо дар батни зан инкишоф меёбанд, ки аз маниҳои гуногун ба вуҷуд омадаанд, генҳои онҳо тахминан 50 фоиз мувофиқат менамоянд. Онҳо дар симо каму беш фарқ мекунанд.
Мувофиқи ақидаи психологҳо дугоникҳо аз рӯзи таваллуд ба якдигар тавъаманд, онҳо яки бутун ба ҳисоб мераванд. Ҳангоми забон баровардан онҳо дар бораи худ аввал асосан «мо» мегӯянд ва баъдтар «ман» гуфтанро ёд мегиранд.
Барои дугоникҳо донистани забон шарт нест. Барои онҳо як нигоҳ, имо ва ё ишорае кифоя аст, ки якдигарро фаҳманд. Байни худ онҳо нутқи «автономӣ» доранд, ки худашон онро бемалол мефаҳманд. Аз ҳамин сабаб, инкишофи нутқи онҳо нисбати ҳамсолонашон оқиб мемонад ва ин дар ниҳояти кор ба ақлан оқибмонии дугоникҳо оварда мерасонад.
Дугоникҳо аксаран дар сиришти худ «ролҳо»-ро байни худ тақсим мекунанд. Масалан, яке барои муносибат бо муҳити зист ҷавобгар мешавад. Ё ба дигаре «виҷдони ботинӣ» насиб мегардад ва ӯ ба рафтори ҳарду баҳо дода, хулоса мебарорад ва ба дигаре тавсия медиҳад. Аз ин ҷост, ки дар мактаб яке барои ҳарду ҳисобу китоб кунад, дигаре барои додар ё хоҳари худ менависад. Ва онҳо гоҳо ҳайрон мешаванд: оё як амалро ду кас иҷро карданаш шарт аст?
Агар падару модарон донистан хоҳанд, ки фарзандони дугоник мебинанд ё не, қоидаҳои маъмули тибро дар ёд доранд: экизакҳо дар бисёр ҳолатҳо дар ҳамон хонаводаҳое таваллуд мешаванд, ки яке аз зану шавҳарон ё бобову бибиҳои онҳо ва ё хешу таборонашон дугоник ба дунё омадаанд.
Бинобар ҳамин, психологҳои хориҷӣ маслиҳат медиҳанд, ки ба кӯдакистон дугоникҳоро бо навбат бурдан лозим аст. Якеро дар ду рӯзи аввалу дуввумиро дар ду рӯзи дигар ва ҳардуро рӯзи охири ҳафта ба кӯдкакистон бурдан ба мақсад мувофиқ аст. Вале онҳоро дер аз ҳам ҷудо нигоҳ доштан оқибатҳои нохуш дорад, кӯдаконро ба рӯҳафтодагӣ меафканад.
Дугоникҳо бо ҳам аҳлу тифоқ мешаванд. Агар дугоникҳо ҷинсҳои гуногун дошта бошанд, дар ин сурат бештар духтаракҳо пешсафиро ба даст мегиранд.
Дар маҳаллаи Ҷарқишлоқи ноҳияи Самарқанди мо шумораи дугоникҳо зиёданд.
– Дар мактаби мо 699 нафар талабаву толибагон таҳсил мегиранд, – мегӯяд психологи мактаби таълими умумии рақами 47 Маърифат Ғаниева. – Дар байни онҳо 5 дугоникҳо низ ҳастанд. Се дугоник аз Ҷарқишлоқу 2 дугоник аз маҳаллаи Даштиобод мебошанд. Онҳо, ки дар ҳар хел оилаҳо ба дунё омадаанд, таъсири муҳити хонаводагиашон бараъло ба чашм мерасад. Вале дар байни онҳо дугоникҳои Фотимаву Зӯҳро Ҳамидоваҳо аз Ҷарқишлоқ бо хониши худ фарқ мекунанд. Ин хоҳаракон ҳамеша тозаву озода либос мепӯшанд, дар дарсу корҳои беруназмактабӣ фаъолона иштирок мекунанд ва боиси ибрати дигарон мешаванд. Фотима ва Зӯҳро Сайфиеваҳо ҳам хубанд. Вале Ҳасану Ҳусейн Аюбовҳои чорумхон каме шӯху беқароранд. Шояд ин шухиву балоиҳои бачагӣ бошад, ки бо гузашти солҳо ислоҳ шаванд.
Аз рӯйи маълумоти Хазинаи суғуртаи иҷтимоии Россия соли 2006 дар ин мамлакат 8374 дугоник ва 103 сегоникҳо зоида шудаанд. Соли 2014 18315 дугоник ва 269 сегоникҳо таваллуд ёфтаанд.
Мо бо Илёсқул Қобилов – падари Ҳасану Ҳусейне, ки соли 1996 таваллуд шудаанд, вохӯрдем.
Вай охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта оила бунёд карда буд. Зану шавҳари ҷавон Назира Ҷалилова ва Илёсқул (номи дуввумаш Рустам) Қобилов мисли ҳама рӯи фарзандро дидан мехостанд. Интизори писар бошанд, ки болои ҳам соҳиби се нафар духтар шуданд. Иштиёқи писардоршавӣ онҳоро ором намегузошт.
– Мо бисёр мехостем, ки писардор шавем, – ҳангоми сӯҳбат нақл кард Илёсқул Қобилов. – Баъди се духтар оҳамонро Худо шуниду писардор шудем. Якта не, якбора дута – Ҳасану Ҳусейндор гардидем.
– Дар байни аҷдодони гузаштаи шумо ё янга дугоникҳо буданд?
– Дар байни гузаштагони ҳамсарам ин хел одамон набуданд. Вале дар байни хешу табори бобову бобокалонҳои ман дугоникҳо таваллуд шудаанд. Эҳтимол барои ҳамин ман ҳам падари дугоникҳо гардидам.
– Ҳоло Ҳасану Ҳусейн ҷавонмардони калон шудаанд?
– Ҳа, онҳо 24-сола шуданд. Якҷоя дар мактаб хонданд, якҷоя дар хизмати ҳарбӣ буданд. Ҳоло лоиқи зан шудаанд. Дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд. Якеаш дар давраи карантин ба хона омад. Дигараш ҳоло дар Ленинград хизмат мекунад.
– Дугоникҳо чӣ касбу кор доранд?
– Ҳарду касби мошинтаъмиркуниро омӯхтанд. Якҷоя дар мусофират ба ин кор машғул буданд. Акнун мо дар тараддуди хонадор кардани онҳо мебошем.
– Ба Ҳасану Ҳусейн Фотимаву Зӯҳроро келин кардан намехоҳед?
– Кӣ медонад? Ҳоло мо ин тарафи масъаларо андеша накардаем. Худашон чизе хоҳанд, ба дилашон рафта, ҳамон хел амал мекунем.
Дар маҳалла дугоникҳои калонсолтар ҳам ҳастанд. Ин Ҳасану Ҳусейн Тоҳировҳо мебошанд. Онҳо дар зинаи 58-умини умри худ қарор доранд. Ҳасан Тоҳиров марди калонҷуссаи танутӯшдор бошад, ки Ҳусейн хароби варзишгарбадан аст.
Аз рӯйи таомули миллӣ аз дугоникҳо кадоме, ки ҳатто дар фосилаи якчанд дақиқа пеш ба дунё ояд, писар бошад, Ҳасану духтар бошад, Фотима ном мегузоранд. Агар дугоникҳо дуҷинса бошанд, духтарро Фотимаву писараки дуввум таваллудшударо Ҳусейн номгузорӣ менамоянд. Вале ин Ҳусейн Тоҳиров изҳор кард:
– Ман аз Ҳасан калон, – шояд ҳазл кард ӯ. – Вай дар давраи кӯдакӣ бисёр касал мешуд. Модарам маро монда, ба ӯ бештар меҳрубониву ғамхорӣ мекарданд. Барои ҳамин Ҳасан эрка калон шуд. Баъзе одатҳои бачагиашро то ҳол давом медиҳад. Ҳарду якҷоя калон шудем ва дар як вақт хонадор гардидем. Ҳоло ҳар кадоми мо хонаву ҷойи алоҳида дорем ва ба таври худ зиндагӣ ба сар мебарем.
Аз рӯйи тавсияи психологҳо онҳо, ки тавъамонанд, дар кӯдакӣ ба якдигар унс мегиранд, ба ҳалли муаммоҳо дар танҳоӣ азият мекашанд. Бинобар ҳамин, ба падару модарон зарур аст, ки барои ҳар кадоми онҳоро ҳамчун шахс тарбия кардан кӯшиш намоянд. Номи ҳар кадомеро дар алоҳидагӣ ба забон оварда, гап зананд, таъриф кунанд ва ё сарзаниш намоянд.
Мувофиқи омори исботшуда ба дунё омадани экизакҳо дар ҳар 80-умин таваллуд, сегоникҳо дар 7100-умин таваллуд ва чоргоникҳо дар 500000-умин таваллуд рост меомадааст.
– Дар маҳаллаи мо бештар аз 3000 нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд, – гуфт котибаи ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Ҷарқишлоқ Зироат Луқмонова. – Дар байни онҳо бештар аз даҳ дугоникҳо ҳастанд. Нисбат ба Ҳасану Ҳусейнҳо Фотимаву Зӯҳроҳо бисёртаранд. Синну соли калони онҳо аз шаст гузаштааст. Порсол дар ду оила экизакҳои духтар ба дунё омаданд. Инҳо Фотимаву Зӯҳро Орифоваҳо ва Фотимаву Зӯҳро Наимоваҳо мебошанд. Ба қарибӣ дар оилаи Ҷасур Мирзоқулов ва Нилуфар Яҳёева Худо меҳмонони нави дугоник дод. Фотимаву Зӯҳро Муртазоеваҳо шумораи дугоникҳои маҳаллаамонро зиёдтар карданд.

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ