Рӯзи ҷумъа бахосият аст!

Инсон ба дунё меояду нахуст ӯро модар ба оғӯши гарм мегирад. Бо ёрии модар атрофиёнро мешиносад. Модар шабу рӯз ба вай ғамхорӣ мекунад. Тифл бошад, ҳатто бо чашмони пӯшида модарро мешиносад. Дигаронро ба қавле «бегона» мебинад.
Рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳам барои ҳар як самарқандӣ мисли модар ғамхор буда, бо хабару лавҳа, мусоҳибаву мақолаҳои дилнишини худ ба дилҳо сурур мебахшад. Мо эҷодкорони наврас чакидаҳои хомаамонро аз саҳифаҳои зебояш хонда, гӯиё боз мурғи илҳомамон ҷӯш мезанад.
Ман низ ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаву коллеҷ ба китобхона даромада, аз байни рӯзномаҳои зиёд бастаи «Овози Самарқанд»-ро меҷус­там. Ба назарам аз он бӯйи хоки Ватан, меҳри модар, навозиши падар меояд.
Ба воситаи шабакаи иҷтимоӣ хабари чопи шумораи сеҳазоруминро шунида, тамоми вуҷудамро ҳисси шодмониву ифтихор пахш кард. Тамоми шаб хобам набурд. Мехоҳам дар васфи «Овози Самарқанд» суханҳои зиёд гӯям, аммо намедонам аз кадоме оғоз кунам. Пеши назарам симои нуронии сармуҳаррири «Овози Самарқанд» Ғафурҷон Маҳмудов ҷилвагар гашт. Бори нахуст ман домуллоро 6-уми ноябри соли 2009 дар идораи «Овози Самарқанд» дидаам.
(Дар бачагӣ хеле шӯху кунҷков ва беқарор будам.)
Рӯзе модарам иброз дошт, ки дар рӯзнома нав­батдор асту шояд аз кор дер ояд. Аз ин рӯ маро ҳамроҳ ба ҷойи кор бурд. Ман хеле хурсанд шудам. Дар утоқи корӣ модарам дастнависҳоро дар компутер менависту ман бастаи газетаи «Овози Самарқанд»-ро аз назар мегузаронидам.
Дарро касе «тақ-­тақ» карду марди босавлате вориди хуҷра шуд. Ман зуд аз ҷой хеста салом додам.
– Хуб ҳастӣ, набераи ширин? – гӯён ба ман дафтар, қалам, журнали бачагона ва шоколад дод ва илова кард. – Ин ба ту тӯҳфа!
Ӯ бо меҳр ба ман нигариста, берун рафт.
– Бийиҷон, «Домулло» ҳамин кас-­мӣ? – пурсидам аз модарам.
– Ҳа, – ҷавоб дод модарам. – Сармуҳаррири рӯзнома.
– Рӯзи таваллуди маро медонистен-­а? Аз ҳама пеш ба ман тӯҳфа доданд…
Модарам ҳанӯз ҷавоб надода, дарро касе кӯфт. Ҷавонмарди қоматбаланде ворид шуд.
– Чӣ хел, ҷиян, ту нағзмӣ? – баъди ба саломам алейк гирифтан даст дароз кард ӯ.
– Шумо навбатдор-­а? – ба модарам рӯ овард ӯ. – Мана саҳифа тайёр, танҳо санаи рӯз ва шумораашро дуруст кардам. Шумо саҳифаро хонед, мо боз саҳифаи дигарро тайёр мекунем…
Вай коғази дар дасташ бударо болои стол гузош­та, бо ручкааш чизе навишт. Дидам, як саҳифаи газетаро кандаанд ва боз онро ду пора кардаанд.
– Ин чӣ гап?! – аз қафояш бо ҷаҳл хитоб кардам. – Магар газетаро ду тақсим карда, боз ба болояш менависанд?!
Модарам ба ман фаҳмонд, ки то ба дасти хонанда расидани рӯзнома он борҳо аз назари мусаҳҳеҳу навбатдор, котиби масъулу сармуҳаррир мегузарад. Ин танҳо як саҳифаи рӯзнома асту халос. Аз рӯйи тарҳи кашидаи котиби масъул рӯзнома саҳифабандӣ шуда, як саҳифа ба воситаи принтер ду қисм шуда мебарояд…
Баъд фаҳмидам, ки он ҷавонмард шоир Баҳодур Убайдуллоҳ будааст.
Рӯзи дигар ба хонаамон меҳмонҳо омаданд. Ҳама маро бо зодрӯзам табрик мекард. Ман бошам, бо ифтихор иброз доштам, ки аввалин шуда маро бо зодрӯзам дар идораи «Овози Самарқанд» «домулло» Ғ.Маҳмудов табрик карда, тӯҳфа бахшиданд.
Баъд аз он 11 сол сипарӣ шуд. Ман ҳамон рӯзи ҷумъаи 6-уми ноябрро, ки бори нахуст ба идораи «Овози Самарқанд» рафта будам, фаромӯш намекунам. Инак, боз 6-уми ноябр рӯзи ҷумъа аст. Рӯзи ҷумъаро мардум бахосият мешуморанд. Бахусус, агар он дар санаи 13 ояд.
Рӯзи 13-уми ноябр бошад, шумораи сеҳазорумини рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба чоп супорида мешавад.
Тамоми кормандон, мухлисону муштариёни «Овози Самарқанд»-ро бо санаи таърихӣ табрик менамоям. Бигзор, аз меҳри гарми рӯзномаи писандидаамон ҳама баҳраманд гарданд.

Фарзона ҲАМИДОВА,
донишҷӯи бахши якуми филологияи ДДС.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ