Вазорати тандурустӣ: вазъи саломати 318 нафар бемор вазнин аст


Рӯзи 6 ноябр дар Ӯзбекистон 223 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта 1 нафар бемор даргузашт. Ҳоло шумори умумии қурбониёни коронавирус ба 580 нафар расидааст.
Дар вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Ҷиззах, Намангон, Сурхондарё, Фарғона, Қашқадарё 217 нафар бемор шифо ёфтанд.
То ба имрӯз дар Ӯзбекистон 68 283 нафар мубталои коронавирус шуданд ва 65 550 нафар аз онҳо шифо ёфтанд. Омори (статистика) шифоёбӣ 96 дарсад аст.
Дар ҳоли ҳозир дар бемористон 2153 нафар бемор муолиҷа мегиранд. Вазъи саломатии 251 нафар аз онҳо вазнин, 67 нафар хеле вазнин мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ