СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ СЕЮМИН НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛҲОИ ВОРИДОТИИ ЧИН

Мӯҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо!

Мӯҳтарам роҳбарони ҳайатҳо ва иштирокдорони намоишгоҳ!

Пеш аз ҳама, иҷозат диҳед ба Ҷаноби Олӣ, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин барои даъвати иштирок дар маросими ифтитоҳи сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии молҳои воридотии Чин изҳори миннатдорӣ кунам.

Ман ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро, ки барои намоиш додани муваффақиятҳои иқтисодии ба даст овардаи кишварҳояшон, коркардҳо ва маҳсулоти навтарин ҷамъ омадаанд, хайрамақдам мегӯям.

Имрӯз дар ЭКСПО-2020 намояндагони 180 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.

Ин далели равшани афзоиши динамикаи муносибатҳои ҶМЧ бо шарикони хориҷӣ мебошад.

Мутаассифона, пандемияи коронавирус ба иқтисоди байналмилалӣ таъсири манфӣ расонд. Ҳаҷми тиҷорати ҷаҳонӣ коҳиш ёфт ва занҷирҳои ҷаҳонии истеҳсолӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ қисман вайрон шуданд.

Бӯҳрони ҷаҳонии иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадааст, зарурати таъхирнопазири ҳамоҳангсозии наздикии байналмилалӣ ва ҳамкориҳоро дар сатҳи дуҷониба ва минтақавӣ нишон дод.

Баргузории чунин як чорабинии васеъ, ба мисли ЭКСПО, аз муваффақиятҳои Чин дар барқарорсозии иқтисоди миллӣ ва талаботи фавқулоддаи ҳамкориҳои васеи тиҷоративу иқтисодӣ шаҳодат медиҳад.

Чунин платформаҳои байналмилалӣ метавонанд омили муҳими рушди муколамаи байналмилалии иқтисодӣ ва зудтар ҳал намудани мушкилоти ҷаҳонии иҷтимоию иқтисодӣ гарданд, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадаанд.

Бо истифода аз фурсат, ман мехоҳам ба роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин барои кӯмак ва дастгирии назаррас, ки ба Ӯзбекистон дар мубориза бар зидди сирояти коронавирус расонидаанд, аз таҳти дил миннатдорӣ баён кунам.

Мӯҳтарам штирокчиёни намоишгоҳ!

Ӯзбекистон дар шарикии васеи иқтисодӣ бо Чин дар асоси такмили иқтисодиёти мо дурнамои бузургро мебинад.

Кишвари мо дар ду намоишгоҳи аввал дар Шанхай фаъолона ширкат варзид, ки ба ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Имсол, сарфи назар аз пандемия, ширкатҳои Ӯзбекистон низ дар ЭКСПО васеъ иштирок мекунанд.

Дӯстони азиз!

Ӯзбекистон самти нави стратегии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки ба таъмини субот дар тиҷорат, рафъи монеаҳои тиҷоратӣ, инчунин ҳавасмандгардонии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ тавассути таҳкими робитаи байниҳамдигарии иқтисодҳои кишварҳои гуногун нигаронида шудааст, баланд арзёбӣ мекунад.

Мехостам ба ҷанбаҳои муҳимтарини тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ истода гузарам.

Якум. Дар Ӯзбекистон озодгардонии иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла режими савдои хориҷӣ мунтазам амалӣ карда мешавад.

Вазифаҳои ворид шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва фароҳам овардани фазои боз ҳам мусоиди сармоягузорӣ ҳал карда мешаванд.

Мо барои ҳамоҳанг сохтани пойгоҳи меъёрию ҳуқуқии худ бо стандартҳои байналмилалӣ фаъолона кор мебарем. Механизмҳои танзими гумрукӣ-тарифӣ, фискалӣ ва расмиёти содироту воридотро такмил медиҳем ва ба таври назаррас содда менамоем, ташаккули «долонҳои сабз» -ро идома медиҳем.

Мо пешниҳод менамоем, ки номгӯи маҳсулоти дар бозорҳои ду кишвар серхаридор мувофиқа карда, самти сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои ташкили истеҳсоли он ҳавасманд карда шавад.

Дуюм. Мустаҳкам намудани ҳамкориҳои нақлиётӣ афзалияти асосӣ мебошад.

Ӯзбекистон ба рушди босуръати зарфияти нақлиётиву транзитӣ, ташаккули низоми самарабахши коммуникатсияи заминӣ дар минтақа таваҷҷӯҳи зиёд медиҳад.

Мо ташаббуси “Як макон, як роҳ”-ро фаъолона дастгирӣ кардем, ки барои таҳкими робитаи минтақавӣ ва байниминтақавӣ дурнамои васеъ фароҳам меорад.

Имрӯз, Осиёи Марказӣ, мисли рӯзҳои Роҳи бузурги абрешим, метавонад бори дигар ба «маркази» долонҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва нақлиётиву транзитии байни Аврупо ва Осиё табдил ёбад.

Мо аз ифтитоҳи долони нави нақлиётии бисёрмодалии Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон истиқбол мекунем ва мо ҷонибдори тезонидани таҳияи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан дар ин масир ҳастем.

Мо инчунин пешниҳод менамоем, ки дар доираи ташаббуси «Як макон, як роҳ» дар ташаккули шабакаи ягонаи “бандарҳои хушк”, марказҳои логист

икӣ ва дистрибютории яклухт кӯшиш ба харҷ диҳем.

Ташаббусҳои бунёди долонҳои нави нақлиётӣ, ки системаҳои роҳи оҳани Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро пайваст мекунанд, аҳамияти калон доранд.

Ин имкони бастани низоми нақлиёти заминии қитъаи Авруосиёро фароҳам меорад.

Дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки дар назди СММ Маркази минтақавии рушди алоқаи нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ таъсис дода шавад.

Мо бесаброна дастгирии ин ташаббусро аз ҷониби шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ интизорем.

Сеюм. Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир рушди саноаташро афзоиш медиҳад. Мо сиёсати коҳиш додани содироти ашёи хом, диверсификатсия ва вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловагиаш баландро пеш гирифта истодаем.

Дар ин замина, мо ҷонибдори рушди фаъолонаи ҳамкориҳои саноатӣ, ташкили корхонаҳои нави муштарак, пеш аз ҳама барои коркарди амиқи маъданҳои фоиданок ва истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд барои ворид шудан ба бозорҳои содиротӣ мебошем.

Бо ин мақсад, мо пешниҳод менамоем, ки барномаи муштараки ҳамкории саноатӣ қабул карда шавад ва намояндагони тиҷорати ду кишвар барои амалисозии лоиҳаҳои мушаххас бо ёрии воситаҳои гуногуни фондҳои муштараки сармоягузорӣ, кафолатҳои сармоягузорӣ ва суғурта ҳавасманд карда шаванд.

Чорум. Ба муносибати пандемия суръат бахшидани равандҳои рақамисозии иқтисод аҳамияти хос пайдо кард.

Мо пешниҳод менамоем, ки барои боз ҳам васеътар ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаҳои тиҷорати байналмилалӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, нақлиёт ва маориф тадбирҳои муштарак таҳия карда шаванд.

Афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдо аз ҳисоби истифодаи платформаҳои электронии тиҷорат муҳим аст.

Ӯзбекистон омодааст дар самти татбиқи пешниҳодҳои умедбахш дар соҳаи тиҷорати электронӣ ҳамкорӣ кунад.

Панҷум. Вазъият бо пандемияи COVID-19 яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Шояд ин бӯҳрон тӯл кашад.

Маълум аст, ки дар шароити коҳиши истеҳсолот, афзоиши талабот ба маводи тиббӣ, ноустувории молиявӣ ва халалдор шудани занҷирҳои таъминоти ҷаҳонӣ, ҳеҷ як кишвар наметавонад дар танҳоӣ таъсири манфии пандемияро бартараф кунад.

Вазъият дар ин масъалаи ҳаётан муҳим ҳамбастагӣ, амалиёти ҳамоҳангшуда ва аз ҳама муҳим, самаранокро талаб мекунад.

Дар робита ба ин мо инчунин тақвият додани ҳамкориҳоро дар соҳаи тиб, мубодилаи таҷриба дар самти муқовимати пандемия ва таҳдидҳои эпидемиологии дорои хусусияти фаромарзӣ пешниҳод менамоем.

Хонумон ва ҷанобон!

Мо мутмаинем, ки натиҷаҳои ЭКСПО-2020 ба раванди барқарорсозии тиҷорати ҷаҳонӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ такони иловагӣ хоҳанд бахшид.

Ба ҳамаи иштирокдорони намоишгоҳ кори муваффақ таманно дорам.
Барои эътиборатон ташаккур.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ