Ҳукумати Шотландия ба падару модарон ва васиёни кӯдакон задани онҳоро барои тарбия манъ кард. Дар ин бора “Express and Star” хабар дод.
Қонуне, ки задани наврасони то синни 16-ро манъ мекунад, соли гузашта дар порлумони Шотландия пуштибонӣ шуда буд. имрӯз, 7 ноябри соли 2020 ин қонун ба иҷро даромад. Пеш аз ин падару модар ва васиён ҳуқуқ доштанд, ки кӯдаконро ин гуна ҷазо диҳанд.
Шотландия 57-умин кишвар шуд, ки задани бачаҳоро бо қонун манъ кард. Чунин қонун ташаббуси Шветсия аст. Шветсия соли 1979 чунин қонунро ҷорӣ карда буд. Ҳоло як кишвари дигари Британияи Кабир – Уэлс низ мехоҳад ин қонунро қабул кунад.
