Дар кишварҳои Амрикои Марказӣ тақрибан 180 нафар қурбони тӯфони “Эта” шуданд


Кишварҳои Амрикои Марказӣ баъди зарбаи харобкунандаи тӯфони “Эта” ба оҳистагӣ рӯ ба зиндагии муқаррарӣ меоваранд. То ҳол тақрибан 180 нафар қурбони ин тӯфон шуданд. Вале ин шумор зиёд мегардад, чун амалиёти ҷустуҷӯӣ идома дорад. Ҳамчунин, ба далели обхезиву заминлағзаҳо, ки роҳҳоро бастаанд, робита бо бисёре аз маҳалҳои аҳолинишин ҳанӯз барқарор нашудаанд.
Чандин хонаводаҳо дар натиҷаи офати табиӣ ҳамаи молу дороияшонро аз даст доданд, чунки ҳукумат натавонист аҳолиро аз хатар пешакӣ огоҳ кунад.
Гватемала бештар аз дигар кишварҳо осеб дид. 150 нафар сокини ин кишвар куштаву бе ному нишон шуданд. Аксарияти онҳо сокинони деҳаи Кех мебошанд, ки заминлағзаҳо ин деҳаро комилан вайрон кард.
Даҳҳо ҳазор нафар бо ташаббуси ҳукумат, ё худашон аз маҷбурӣ ба ҷойи дигар кӯчиданд. Танҳо дар Гондурас якуним миллион аҳолӣ аз офат зарар дид.
Тӯфони “Эта” рӯзи сешанбе ба Никарагуа расид, аз 6 кишвари Амрикои Марказӣ убур кард ва ба баҳри Кариб бозгашт. Тӯфон ҳоло ором шудааст, вале ҳавошиносон мегӯянд, ки эҳтимоли дубора сар задану ба сӯи Куба, Ямайка ва Флоридаи ИМА ҳаракат кардани он вуҷуд дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ