Лукашенко: Интихоботи ИМА масхараи демократия аст


Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус дар мусоҳиба бо хабарнигорон интихоботи ИМА-ро масхараи демократия хонд.
Ӯ рӯзи 7 сентябр баъди ташриф дар нерӯгоҳи атомии Белорус дар ҷавоб ба саволҳои хабарнигорон гуфт, “Бубинед, бо ин интихобот ҳамзамон чӣ ҳодисаҳо рух медиҳанд. Ин шарм аст, масхара кардани демократия аст”.
Ӯ ёдовар шуд, ки чанде аз кишварҳои Ғарб дар Белорус баргузории интихоботи такрориро даъват карда буданд. Лукашенко гуфт, ки акнун тамошо хоҳад кард, ки он кишварҳо ба вазъияти ИМА чӣ гуна муносибат нишон медиҳанд ва чӣ гуна аз Вашингтон баргузории овоздиҳии такрориро талаб мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ