Гуруснагӣ ба 20 кишвари ҷаҳон таҳдид мекунад


Ба зудӣ захираи хӯроквории 4 кишвари Африқо ва Осиё комилан ба поён мерасад. Дар ин бора сайти Созмони хӯрокворӣ ва кишоварзии СММ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки кишварҳои Буркина-Фасо, Судани Ҷанубӣ, Нигерия ва Яман бо муаммои гуруснагӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Кашмакашҳои дохилӣ, буҳрони иқтисодӣ, иқлими номатлуб ва пандемияи коронавирус сабабҳоеанд, ки аз паси худ гуруснагиро дар ин кишварҳо меоваранд.
Ҳамчунин, гуруснагӣ ба 16 кишвари дигари ҷаҳон низ таҳдид мекунад. Аммо ин кишварҳо номбар нашуданд.
Доминик Бюрҷон, намояндаи Созмони хӯрокворӣ ва кишоварзӣ ҷомеаи ҷаҳониро даъват кард, то барои пешгирии шиддат гирифтани норасоии хӯрокворӣ дар ин кишварҳо чораҳои заруриро амалӣ гардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ