Шумораи гирифторони коронавирус дар Қирғизистон аз 62 ҳазор нафар афзуд

Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 556 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси навъи COVID — 19 ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи бештарини сироятшудагон дар шаҳри Бишкек ба қайд гирифта шудааст. Ин ҷо дар муддати 24 соати гузашта — 160 кас мубталои коронавирус шудааст. Омори дигар манотиқ чунин аст: вилояти Чуй — 95, вилояти Ҷалолобод — 91; вилояти Ӯш — 54, вилояти Ботканд — 50; Ӯш — 42, вилояти Иссиқкӯл — 40, вилояти Талас — 17 ва Норин — 7.
Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар Қирғизистон 62 304 нафар гирифтори коронаврус шудааст.
Аз саршавии беморӣ то кунун 53 406 нафар ин бемориро ба хубӣ паси сар карда, шифо ёфтанд.
Дар давоми 24 соати охир дар кишвар ду мариз ҷон бохта, аз аввали ҳамагирӣ бошад дар Қирғизистон 1 172 кас қурбони ин вабои аср шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ