Камала Харрис – нахустин бонуе, ки муовини раисҷумҳури ИМА шуд


Камала Харрис нахустин бонуе аст, ки дар таърихи ИМА муовини раисҷумҳури кишвар шуд. Ҳамчунин, ӯ нахустин муовини сиёҳпӯст раисҷумҳури ИМА ва нахустин муовинест, ки дар рагаш хуни ҳиндустониҳо ҷорӣ аст. Мешавад гуфт, ки ӯ рамзи ИМА-и имрӯза аст – падари ӯ аз Ямайка буда, дар Стэнфорд омӯзгори иқтисод дар Стэнфорд буд. Модари ӯ ҳиндустонӣ буда, ки бо пажӯҳиши бемории саратон шуғл варзидааст.
Ӯ аз кӯдакӣ ҳам ба ибодатхонаи ҳиндӣ ва калисои сиёҳпӯстони баптист рафтуо карда, ки ин ба фарохтар шудани ҷаҳонбинии ӯ ёрӣ додааст. Ҳамчунин, ӯ аз падар ғояҳои иқтисодиро низ омӯхтааст.
Камала Харрис боре дар бораи Доналд Трамп чунин гуфта буд, “Раисҷумҳури феълии мо фоҷеаҳои моро ба силоҳи сиёсӣ табдил медиҳад. Ҷо раисҷумҳуре мешавад, ки муаммоҳои моро ба мақсадҳои мо табдил мекунад. Ҷо моро муттаҳид мекунад, то иқтисодеро созад, ки ғамхори ҳамаи мо бошад”.
Камала Харрисро ҳамчун намояндаи чапгароёни ҳизби демократӣ эътироф мекунанд. Ӯ тарафдори баробарҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоӣ аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ