Чӣ хел асалро набояд истеъмол кард?


Ин маҳсули ширинтаъми занбӯри асалро дар назар дошта шудааст. Беҳтарини он хушбӯй, қивомаш ғафс, таъм ва шириниаш гуворо ва ин-
чунин, сурхранг бошад, ки дар он муми занбӯр умуман набошад. Чун онро ба ангушт бардоранд, тор бандад – ин навъаш барои давоӣ беҳтар аст.
Асали сафеди наботранг низ барои давоӣ мақоми онро дорад. Барои лаззат ва ғизо асали баҳорӣ ва тирамоҳӣ беҳтар буда, зимистониаш бадтарини навъҳои он мебошад. Агар таъмаш тунд, тез ё кӯҳна, ё ки рангаш сиёҳ гашта таъми талхӣ пайдо карда бошад, зарарнок аст. Агар кӯҳнаи
онро бисёр истеъмол намоянд, девона мекунад. Мизоҷи асали нав дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст. Асали аз 6 моҳ то 1 сол истода, дар дараҷаи дуввум хушк мебошад. Баъзеаш, ки кӯҳна ва тундтаъм гаштааст, мизоҷаш то дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст. Хислатҳои шифобахши асал:
Онро бихӯранд баданро аз моддаҳои зарарнок пок месозад, гиреҳҳоро мекушояд, балғами часпак, рутубатҳоро нест мекунад инчунин,
моддаҳои нодаркораро аз майна хориҷ месозад. Суст ва нотавон гаштани аъзои бадан, истисқо(во-
дянка), зардпарвин, иллатҳои сипурз, душвории шошидан, бодҳои гуногун, дард ва варами рӯдаҳои борик ва заҳҳои сардмизоҷро дафъ ме-
созад, санги гурда ва хичак(пешобдон) –ро майда карда мерезонад.
Ҳаким Ҷолинус гуфтааст: «Ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест, дар нафъ барои бадан ва илоҷи инҳоро, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои хунукмизоҷ
бошад, шифо мебахшад; қулинҷро даво мешавад ва гиреҳҳои баданро мекушояд, меъда, камарро қувват мебахшад. –Агар инро бо шилми кундур бихӯранд, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои нодаркор ва зарарнок пок месозад; истисқо(во-
дянка), зардпарвин, бемориҳои сипурзро шифо бахшида, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Бо ин таркиб ғарғара кунанд, варами му-
шакҳои ҷониби ҳалқум ва ғадудҳои бодомшаклро таҳлил медиҳад. Ҷароҳатҳои ком, забон ҳалқум
ва ғадудҳои бодомшаклро аз ҳар гуна моддаҳои бегона пок месозад. Асалро агар бо сирко омехта ба сатҳи дарунии даҳон ба такрор ва бардавом
бимоланд ё онро дар даҳон гардонанд, милки дандонро мустаҳкам ва гӯшти солим бар он пайдо мекунад. Агар дандонҳо коста бошад, мустаҳкам
мекунад ва аз чирк пок намуда, сафед месозад. Асалро ба танҳоӣ ё бо оби пиёз ба чашм бикашанд, чашмро равшан месозад, хориш, қӯтур,
обравӣ, гули чашмро дар гавҳарак дафъ мекунад. Асалро дар оби барги зуф ҳал карда, нимгарм бо он ба такрор ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳо ва
варамҳои онҳоро шифо мебахшад.
M Асалро бо шибит ҷӯшонида бандад, доғи зарба ва шукуфаи пӯстро барҳам медиҳад. Агар онро бо оби зира
омехта бихӯранд, бар зидди заҳри занбӯруғ, газидани саги девона, даво аст ва агар бо равғани гули сурх омехта биошоманд, заҳри ҷонварон-
ро аз бадан дафъ месозад.
Асал барои одамони сардмизоҷ ва балғамимизоҷ дар замон, фасл ва маҳалҳои сард фоида дорад. Вале барои одамони гарммизоҷ ва мизоҷи
хушкдошта ва дар фаслҳои гармо бихӯранд зарар мекунад, гарммизоҷонро дарди сар медиҳад.
Миқдори як бор хӯрдан аз асал дар як рӯз 68 грамм аст. Гуфтаанд: он асалро, ки тирамоҳӣ бошаду агар бибӯянд, атса оварад беҳушӣ ва арақ меоварад,
ақлро беҷо месозад онро набояд истеъмол кард. Тадбири касе, ки онҳоро хӯрда бошад қай фармудан ва баъд аз он моҳии намакии шӯр хӯрда ба такрор қай кардан аст то, ки меъда аз он асал пок гардад ва инчунин себи майхуш ва мурӯд тановул намоянд.
K Аз китоби «Канзи Шифо» таҳияи
Н.БОБОАҲМЕДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ