Рӯзи 7 ноябр дар ИМА беш аз 126 ҳазор ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд, ки ин “рекорд”-и нави коронавирус дар ин кишвар аст. Дар ин бора пажӯҳишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс хабар дод.
Дар ин рӯз беш аз ҳазор нафар мубталои коронавирус фавтиданд.
Рӯзи 6 ноябр низ дар ИМА беш аз 120 ҳазор ҳолати нав сабт шуда буд.
Дар ҳоли ҳозир ягон маҳдудияти ҷиддӣ барои пешгирии паҳншавии коронавирус дар ИМА ҷорӣ нашудааст.
