Акнун дар кӯдакистонҳои Ӯзбекистон забони чиниро ёд медиҳанд?


Агриппина Шин, вазири таълими томактабии Ӯзбекистон бо Сзян Ян, сафири Чин дар Тошканд мулоқоти онлайнро анҷом дод.
Дар мулоқот ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, ҷалби сармоягузорӣ барои истеҳсоли бозичаҳо ва дигар анҷомҳои кӯдакистон, таъсиси кӯдакистонҳои нодавлатӣ ва ғайра баррасӣ шуд.
Ҳамчунин, тарафҳо омӯзиши забони чиниро дар кӯдакистонҳои Ӯзбекистон ҳамчун забони иловагӣ баррасӣ карданд.
Илова бар ин, Шин ва Ян дар бораи баргузории дувумин форуми “Бархӯрди навоварона (инноватсионӣ) барои рушди барвақти кӯдакон”-и Ӯзбекистон ва Чин тавофуқ карданд.
Сзян Ян аз номи сафорати Чин ба фарзандони хонаводагони камтаъмини Ӯзбекистон 300 дона бозича тӯҳфа кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ