Фестивали ватандӯстӣ баргузор гардид

Рӯзи 7-уми норябри соли ҷорӣ дар полигони «Сазағон»-и ноҳияи Нуробод таҳти шиори «Мардҳо Ватанро муҳофизат мекунанд!» фестивали ҳарбӣ-ватандӯстӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ аз шинондани ниҳолҳои дарахтон таҳти унвони «Биёед, модар-табиатро нигаҳбонӣ кунем!» оғоз ёфт ва сипас тадбирро фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ полковник А. Саидов, маслаҳатдиҳандаи ҳокими вилоят оид ба корҳои ҳарбӣ А. Раимҷонов кушод эълон карданд.
Фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ полковник А. Саидов дар суханронияш таъкид намуд, ки хидмати ҳарбӣ вазифаи муқаддас, шарафи бузург аст ва ҳифзи ватан бояд ҳадафи олӣ барои ҷавонон бошад.
Дар доираи фестивал, дар байни донишҷӯён ва ҷавонони номуттаҳид, хизматчиёни ҳарбии гарнизони Самарқанд ва аъзоёни федератсияҳои варзишии вилоят мусобиқаҳои гӯштини миллӣ, муҳорибаи дастӣ, сангбардорӣ, респонкашӣ, армреслинг, тирпаронӣ ва намоишҳои техникаи ҳарбӣ ташкил карда шуд.
Дар тадбир, инчунин дастаи театри вилоятии мусиқӣ-драмавӣ намоишҳои бадеӣ ва оркестри ҳарбии гарнизони Самарқанд сурудҳои ҳарбиро ба саҳна гузоштанд.
Саҳнаи ҷанги Ҷалолиддин Мангуберди ва Чингизхон ба тадбир шукӯҳи хосса бахшида пас аз он аз ҷониби паҳлавонон кӯпкарӣ (бузкашӣ) ба эътибори ҳаводорон ҳавола гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ