Дар Самарқанд роҳбарон 10 рӯз ба корхона пиёда мераванд

Ҳокими вилоят Э.Турдимов пешниҳод кард, ки роҳбарони мақомоти давлатии минтақа аз 11 то 21-уми ноябр ба кор пиёда ё тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ биёянд.
Зикр гардид, ки ин қадами аввалин дар татбиқи фармони Президент аз 30-юми октябри соли равон «Дар бораи чораҳои васеъ ҷорӣ намудани тарзи ҳаёти солим ва рушди минбаъдаи варзиши оммавӣ» хоҳад буд.

  • Ман бо ин тартиб ба кор меоям ва меравам, мошини хидматии ман дар назди бинои ҳокимият мемонад, — гуфт Э.Турдимов. — Ман мошинро ҳангоми ба ноҳия рафтан рӯзона истифода мекунам. Бегоҳӣ мошинро дубора дар гаражи ҳокимият гузошта, пиёда ё тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ ба хона меравам. Ин на танҳо барои саломатии мо, балки барои аҳолӣ низ намунаи шахсӣ мешавад.
    Вай изҳори умедворӣ кард, ки ин ташаббус аз ҷониби ҷомеа дастгирӣ карда мешавад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ