Дар Ӯзбекистон коргоҳи калони коркарди зироати биринҷ дар Осиёи Марказӣ бунёд гардид

Дар ин бора Хизмати матбуоти ҳокимияти вилояти Тошканд хабар дод. Бино ба маълумотҳо коргоҳ дар маҳаллаи Суруми ноҳияи Қуйи Чирчиқи вилояти Тошканд ҷойгир аст. Қимати умумии лоиҳа беш аз 25 миллиард сӯмро ташкил кард. Маҷмӯа аз ҷониби «ТСТ Gluster» бунёд гардид. Дар натиҷа, дар кластери зирояти биринҷ занҷири пурраи саноат бунёд гашт. Дар зинаи аввал дар давоми мавсим аз 2500 то 40000 тонна шолӣ хушк карда мешавад. Коргоҳ ҳамин ҳафта кушода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ