Қаробоғ аз даст рафтани Шушаро тасдиқ кард, Озарбойҷон ба Степанакерт нашдик шуд


Артиши мудофиаи Кӯҳистони Қаробоғ назорати шаҳри калидии ҷумҳурӣ – Шушаро аз даст дод. Нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон ба Степанакерт, пойтахти Қаробоғ наздик шуданд. Дар ин бора Ваграм Погосян, котиби матбуотии раисҷумҳури Кӯҳистони Қаробоғ рӯзи 9 ноябр дар сафҳаи худ дар Facebook навишт.
Ӯ гуфт, “Мутаассифона, ҳоло нокомӣ моро таъқиб мекунад ва шаҳри Шуша комилан аз назорати мо берун шуд. Душман дар наздикиҳои Степанакерт қарор дорад ва ҳоло ҳастии он зери хатар аст”.
Ба гуфтаи Погосян, барои баргардондани Шуша ва ҳифзи Қаробоғ бояд кӯшишҳои ҳамаҷониба бояд анҷом ёбад.
Ёдовар мешавем, ки фосилаи миёни Шуша ва Степанакерт 11 километр аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ