Ҷанги Қаробоғ ба охир расидВладимир Путин:

Арманистон ва Озарбойҷон дар бораи қатъи ҳамагуна амалиёти ҷангӣ ва оташбаси комил тавофуқ карданд. Дар ин бора маркази матбуотии Кремл хабар дод.
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон баёнияи муштаракеро дар бораи ба охир расидани ҷанг дар Қаробоғ имзо карданд. Владимир Путин аз номи Русия – тарафи савум ин баёнияро имзо кард.
Ҷанг аз рӯзи 10 ноябр, соати 00.00 комилан ба поён расид.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, Озарбойҷон дар мавқеъи тасарруфкардаи худ мемонад. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳамчун муҳофизони сулҳ даҳлезеро, ки аз миёни Кӯҳистони Қаробоғ ва Озарбойҷон то Арманистон мерасад, назорат мекунанд.
Ҳамчунин, тарафҳо дар бораи таъмини бозгашти гурезандагон ба Қаробоғ, табодули асирон ва кушодани робитаҳои иқтисодиву ҳамлу нақлӣ дар минтақа тавофуқ карданд.
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар сафҳаи худ да Фейсбук навишт, ки дар вазъияти мавҷуда беҳтарин қарорро қабул кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ