20 кишвари дунёро гуруснагии даҳшатнок интизор аст

Дар моҳҳои наздик, захираи хӯрокворӣ дар чор кишвари Африқо эҳтимоли тамомшавӣ пешбини шудааст. Дар ин бора сайти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ хабар медиҳад.
Тибқи ин гузориш, мардуми Буркина-Фасо, Яман, Судони Ҷанубӣ ва Нигерия бо гуруснагии шадид рӯбарӯ ҳастанд.
Ба ин мунозараҳои дохилӣ дар ин кишварҳо, таназзули иқтисодӣ, иқлими шадид ва пандемияи коронавирус вобаста аст.
Ва гуфта мешавад, ки 16 кишвари дигар аз гуруснагӣ азият мекашанд. Кадом кишварҳо будани онҳо ба мо маълум нест.
Доминик Бюржон, вакили Созмони ғизо ва кишоварзии СММ, барои ҷилавгирӣ аз афзоиши камбуди ғизо дар ин кишварҳо чораҳои фаврӣ биандешанд, гӯён ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид кард,
Қаблан, мо хабар дода будем, ки аз оғози соли 2020 камаш 7 миллион нафар дар сайёра аз гуруснагӣ вафот кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ