Заминларзае, ки дар Тоҷикистон рух дод, дар Ӯзбекистон низ эҳсос шуд


Имрӯз, 10 ноябр, тақрибан соати 19.30 дар Тоҷикистон заминларза рух дод. Дар ин бора маркази зилзилашиносии вазорати фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар дод.
Шиддати заминларза дар маркази он 5,2 дараҷа буд. Аз маркази заминларза то Тошканд фосила 296 километр буд.
Шиддати заминларза дар минтақаҳои Ӯзбекистон:
Тошканд: 296 км, 2 дараҷа,
Намангон: 263 км, 2 дараҷа,
Aндиҷон: 270 км, 2 дараҷа,
Фарғона: 207 км, 2 дараҷа,
Гулистон: 240 км, 2 дараҷа,
Ҷиззах: 272 км, 2 дараҷа,
Самарқанд: 321 км, 2 дараҷа,
Термиз: 334 км, 2 дараҷа.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ