ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҲАМОИШИ НАВБАТИИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ИШТИРОК КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 ноябр дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс иштирок намуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 ноябр дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс иштирок намуд.
Дар ҷамъомад, ки зери раёсати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид, инчунин Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Сӣ Сзинпин, иҷрокунандаи вазифаи Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ иштирок намуданд.
Ғайр аз ин, дар кори ҳамоиш намояндагони давлатҳои нозири СҲШ – Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Президенти Муғулистон Ҳалтмаагийн Баттулга, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Роман Головченко ва ҳамчунин Котиби генералии СҲШ Владимир Норов ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии антитеррори СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок доштанд.
Ба иштирокдорони ҳамоиш аз тариқи видеопаём Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш муроҷиат кард.
Бинобар рӯзномаи ҳамоиш масъалаҳои минбаъд амиқсозии ҳамкории бисёрҷанба дар доираи СҲШ муҳокима гардиданд.
Роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзо ва нозир дараҷа ва истиқболи рушди муносиботи гуногунҷанбаи имрӯзро доир ба самтҳои бартаринок таҳлил намуда, инчунин дар бобати масъалаҳои муҳими байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Дар нутқи худ Президенти Ӯзбекистон махсус таъкид кард, ки Созмони ҳамкории Шанхай дар марҳилаи ҷиддии инкишофи худ қарор дорад.
Роҳбари давлат даъват намуд, ки анъанаҳои некҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, боварӣ ва ба инобат гирифтани манфиатҳои якдигар ҳифз ва афзун гардонда шавад. Бино ба суханони ӯ, «имрӯз бештар аз пешина «Рӯҳи Шанхай»-ро мустаҳкам кардан муҳим аст – ин таҷрибаи нодири ҳамкории бисёрҷониба, ки арзиши умумии ҳамаи мо ба шумор меравад ва азмамонро барои инкишофи якҷоя, эҳтироми гуногунии маданиятҳо таҷассум менамояд».
Шарти асосии таъмини бехатарӣ ва инкишофи босубот дар фазои васеи Евроосиё дастгирии ҳамдигар ва ҷустуҷӯи муштараки муросо доир ба масъалаҳои калидии рӯзномаи ҷамъомади Созмони ҳамкории Шанхай ном бурда шуд. «СҲШ танҳо вақте нирӯманд аст, ки агар ҳар яки мо пурқудрат бошем».
Бинобар ин Президент Шавкат Мирзиёев чандин ташаббуси муҳимро, ки ба рушди минбаъдаи амалии ҳамкорӣ дар доираи СҲШ нигаронда шудааст, пешниҳод намуд.
Аз он ҷумла, бо мақсади коҳиш додани оқибатҳои манфии пандемия пурзӯр намудани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо роҳи қабул намудани ҳуҷҷатҳои дарозмуддат дар соҳаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодии СҲШ ва ҳамчунин дар ҷанбаи бехатарии озуқаворӣ ва рағбатноксозии кооператсияи саноат пешниҳод гардид.
Роҳбари мамлакат мақоми афзояндаи технологияи иттилоотиро дар таъмини тараққиёти иқтисодиёт таъкид намуда, таҳияи Барномаи СҲШ-ро доир ба рушди саводнокии рақамӣ, ки ба тарбияи мутахассисони баландмалака, ба таълими аҳолӣ нигаронда шудааст, ибрози назар намуд.

Пешвои Ӯзбекистон аҳамияти роҳандозии ҳамкории наздикро доир ба масъалаҳои кам кардани қашшоқӣ алоҳида таъкид кард. Дар доираи СҲШ ба вуҷуд овардани механизми машварати роҳбарони вазорат ва идораҳои соҳавӣ ва таҳия намудани ҳуҷҷатҳои барномавии марбут пешниҳод шуд. Омодагии баргузор намудани Анҷумани байналхалқӣ барои таҳияи чорабиниҳои ҳамоҳангшуда дар мубориза бар зидди қашшоқӣ дар мамлакатамон изҳор гардид.
Тасдиқ гардидани Нақшаи маҷмӯии чорабиниҳои муштараки СҲШ-ро доир ба муқовимат бар зидди таҳдидҳои эпидемия истиқбол намуда, Президент Шавкат Мирзиёев барои минбаъд фаъол намудани ҳамкорӣ дар раванди мубориза бо паҳн намудани инфексияҳои хатарнок, ба вуҷуд овардани шабакаи муассисаҳои тиббӣ оид ба бемориҳои сирояткунанда, таҳияи Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи телемедитсина изҳори назар намуд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки масъалаҳои мубориза бар зидди хатарҳои терроризм, ифроткорӣ ва тиҷорати нашъа, ки шаклҳои нав касб менамояд, дар маркази диққати фаъолияти СҲШ бояд қарор гирад.
Мос намудани Сохтори минтақавии антитеррор барои ҳалли вазифаҳои ҷиддан нави таъмини бехатарӣ дар фазои созмон ва минбаъд вусъат додани робитаҳои байни идораҳои соҳибваколат хидмат менамояд.
Президенти Ӯзбекистон аз иштирокдорони ҳамоиш дастгирӣ намудани ҷараёнҳои танзими сулҳомез дар Афғонистон ва ҷалби ин мамлакатро ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодии минтақа даъват намуд.
Дар партави ин ҳарчи зудтар қабул намудани Нақшаи чорабиниҳои амалӣ дар заминаи ҳамдастӣ барои барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии ҶИА дар доираи Гурӯҳи тамоси «СҲШ – Афғонистон» пешниҳод гардид. Ба ташаббуси сохтмони даҳлезҳои нақлиётӣ, ки метавонад ба Афғонистон нақши таърихии пули пайвандкунандаи байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро баргардонад, эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Ин ва масъалаҳои дигар метавонад ба рӯзномаи ҷамъомади Анҷумани байналхалқии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: риштаҳои пайвастаи минтақавӣ. Ангезаҳо ва имконот» дохил карда шаванд, ки он бояд моҳи апрели соли 2021 бо ташаббуси Ӯзбекистон дар Тошканд баргузор гардад.
Соли оянда СҲШ 20-сола мешавад. Дар арафаи ин санаи таърихӣ Президенти мамлакат баргузор намудани анҷумани байналхалқии «Нақши СҲШ дар низоми муносиботи имрӯзаи байналхалқӣ»-ро таклиф намуд.
Дар поёни ҳамоиш Эъломияи Маскави Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ қабул гардид ва ҳамчунин маҷмӯи ҳуҷҷатҳо барои васеъ намудани ҳамкории минбаъдаи гуногунҷанбаи муфиди тарафайн дар доираи ташкилот ба имзо расиданд.
Бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон дар ҳамоиш Изҳороти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ қабул гардид.

ӮзА.
Сурати Хидмати матбуоти
Президенти
Ҷумҳурии
Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ